Вале сад афсўс, ки дар байни ҷомеаи мо шахсоне ёфт мешаванд, ки ба қадри зиндагиву умри одамӣ намерасанд. Ба муаммоҳои вазнини ҳаёт рў ба рў ки шуданд, ба ин тоб наоварда даст ба худкушӣ мезананд. Гумон мекунанд, ки ман худамро кушам аз ҳамаи мушкилотҳои ҳаёт халос мешавам. Лекин дар асл ин тавр не, инсон бояд ба ҳамаи мушкилиҳои ҳаёт рў ба рў истода, мубориза барад, на ин ки бо роҳи худкушӣ аз ин мушкилиҳо халос гардад. Охир, дар ҳадисҳои пайғамбарамон низ омадааст, ки худкушӣ гуноҳ асту ба худкушикарда хондани ҷаноза раво нест.
Пас, чаро бандаҳои худо ба ин иллати бемаънии худкушӣ даст мезананд? Ин ҳолат ба ки фоида меорад? Ашки фарзандони хешро шашқатор карда, онҳоро дар чорроҳаи зиндагӣ партофта мераванд. Пас, фарзанд аз меҳри падар ва ё модар маҳрум мешавад, ки ин алабатта таъсири худро ба тарбияи фарзанд боқӣ мегузорад.
Сабаби дигари даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон ин бемории рўҳи доштани онҳо мебошад.
Аммо нишондиҳандаҳои омории худкушӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки инсон ба мавҷудоти азизу нотавон мубаддал гашта, қобилияти мубориза бурдан ва талошварзии худро аз даст дода истодааст, ки ин албатта таассуфомез мебошад.
Хулоса, дар зиндагӣ ҳар як муаммо роҳи ҳалли худро дорад, танҳо ноумед набояд шуд. Чуноне, ки дар урфият мегўянд: «Поёни шаби сиёҳ сафед аст». Аз ҳама муҳимаш арзишҳои инсонӣ муқаддасанд, дорои рафтори намунавӣ ва ахлоқи ҳамида бошем. Ба ин дунё ҳар яки мо як бор меоем, чунон зиндагӣ кунем, ки атрофиён аз амалу рафтори мо розӣ бошанд. Зеро зиндагӣ -ҳаёт ширин, аз ширин ҳам ширинтар аст.
М. Каримова