Истиқлолият - ҷавонон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ

Чоп

 

 

Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлати ватани азизамон рӯз аз рӯз гул-гул шукуфта истодааст,ки албатта сабабгори ҳамаи ин ободиву зебоӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллатамон буд, ки мо Тоҷикистонро аз сифр бо меҳру муҳаббати самимӣ бунёд кардем.

Мо ҷавонони хушбахти замон шукрона аз он мекунем, ки имрӯзҳо дар чунин ватани ободу зебо, осоишта ва сулҳу субот зиндагонӣ карда истодаем. Шукургузор аз он ҳастем,ки имрӯз барои ҷавонон шароитҳои хеле муфид фароҳам карда шудааст, ки мо дар мактабҳои замонавӣ бо таҷҳизотҳои ҳозиразамон аз ҷумла компютерҳо, тахтаи электронӣ, китобҳои электронӣ ва аз дигарҳо босамар истифода намуда аз илмҳои замони худ бохабар шуда, онҳоро аз худ карда истодаем.

Ин ҳама неъматҳои Истиқлолият аст, неъматҳои Истиқлолият бебаҳо ва пурсамар аст, бигзор Тоҷикистон ҳамеша ба қуллаҳои мурод бирасад. Ҳамеша офтоб чун имрӯз дар кишвари мо нурпош бошад.

 

Ғозиева Қурбоной,

гирандаи стипендияи

Раиси ноҳияи Шаҳристон