ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ – ОМИЛҲОИ ХАТАРАФЗОИ АСР

Чоп

 

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон экстремизму терроризмро аз мушкилоти ҷиддитарини инсоният баҳогузорӣ намуда, фаъолияти муташаккилонаи ҳамаи сохторҳои давлатиро дар ин самт воситаи асосии таъмини амният, оромиву осоиштагӣ ва поянда нигоҳ доштани давлатамон арзёбӣ мекунанд. “Терроризм ва ифротгароӣ бо ҳамлаи оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаҳои ҷиддитарини инсоният дар қарни ХХІ табдил ёфтааст. Бинобар ин, зарур аст, ки фаъолияти тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот, ҳаёти осоишта ва амнияти кишварамон равона созем”. “Мубориза бар зидди терроризм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат буда, функӣияи худро дар ин соҳа тавассути мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ амалӣ менамояд”.Воқеан ҳам, бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир баргузории Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез”, ки дар Паёми Пешвои миллат ироа гардида буд, аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати кишвар мунтазам баҳри ҳарчи зудтар раҳоӣ ёфтан аз ҳар гуна амалҳои ифротӣ ва террористӣ дар ҷомеа чораҳои зарурӣ меандешад.

Нозири сомонаи

Ҷамоати Шаҳристон                Қобилҷонзода Сабзина