ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ВАТАН, ДИН, МАЗҲАБ НАДОРАД

Чоп

 

 

Шаклҳои зуҳури терроризм хеле гуногун мебошад. Бинобар ин мутахассисон онро ҳар гуна тақсимбандӣ мекунанд: терроризми давлатӣ, терроризми гурӯҳҳои мухолифи давлат, терроризми байналмилалӣ ва дохилидавлатӣ. Аз рӯи хусусиятҳои иқтимоӣ бошад, терроризмро ба терроризми иҷтимоӣ, динӣ, этникӣ тақсим мекунанд. Бо вуҷуди ин як таърифи муккамали терроризм не, балки даҳҳо таъриф вуҷуд дорад. Нишонаи асосии терроризм ин амали зӯроварӣ ва даҳшатафканӣ ба хотири ба даст овардани мақсадҳои сиёсӣ мебошад. Яке аз омилҳои пайдоиши ба истилоҳ “терроризми исломӣ “ таасуби динӣ мебошад. Ифротагроӣ, тундгароӣ, терроризм ва таасуби динӣ сарчашма мегирад. Сарчашмаи ғоявии пурқудрати ислом метавонад, ҳам созанда бошад ва ҳам сӯзанда. Таасуби динӣ ба дараҷае дар ниҳоду равони инсон реша медавонад, ки ҳаётро ба сифр баробар карда, маргталаб худро дар як лаҳза қурбоин ҷаҳолат месозад. Мубориза ба муқобили чунин падидаҳои хатарсозӣ асри XXI аз вазифаҳои мубрами кормандони илму фарҳанги дунявӣ ва ходимони намоёни дини муосир маҳсуб мешавад.

Нозири сомонаи

Ҷамоати Шаҳристон                Қобилҷонзода Сабзина