ТАРАФДОРИ ЗИНДАГИИ ОСУДА БОШЕМ НА ФАРСУДА

Чоп

 

 

Барои нигоҳ доштани хандаҳои беолоиши кӯдакон, ҳифзи бонувону модарон ва муҳим барои номусу кадри инсонӣ нагузорем, ки аҷнабиён байни мо шӯру иғво андозанд. Тероризм ва экстремизм алҳол яке аз масаъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст. Ифротгароӣ дар мазҳабу динҳо ва масаълаҳои иҷтимоӣ худро ошкор мекунаду динро ҳамчун ниқоб истифода бурда, бар зидди сулҳу осоиштагӣ рост меистанд.

Ифротгароён аз норасоиҳои ҷамъият истифода бурда, ба роҳи таҳдиду куштор андешаҳои нопоки хешро ирсол медоранд. Аммо мо ба фиребу найранг ва дахмасаҳои холии онҳо бовар намекунем ва онҳоро маҳкум месозем.

Гузаштагони мо падарону бобоёни мо дар умум авлоду аҷдоди мо тоҷикон одамони бофарҳанг, зирак, доно ва дурандеш буданд. Имрӯз мо бояд насли наврасро дар руҳияти ватандӯсти, хештаншиносоӣ, худогоҳӣ ва инсонпарварӣ тарбия намоем. Соддагиву сабукандешӣ ва гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ғайр аз пушаймонӣ чизи дигаре ба миён намеоранд.

Ҷавонон бояд дар ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои соҳибистиқлолиро ҳифз, амнияти давлат ва ваҳдати миллиро ҳимоя ва худро аз ҳама хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир, монанди ифротгароӣ ва терроризм эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари азизамон бошанд.

Барои ин ҳар яки моро лозим аст, ки ҷавононро бобати масъалаҳои мазкур эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз гаравиш ба гурӯҳҳои ифротӣ бештар диққат диҳем. Ҳисси нафрат ва бадбиниро нисбат ба терроризм, экстремизм ва равияҳои номатлуб бедор намоем.

Зӯрии муштро дар ангушт муҷассам кардаанд, пас ҳама барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, шинохтани қадри Истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи якпорчагии кишвар аз як гиребон сар берун орем!!

 

 

Отаев Зоир, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шаҳристон