Бале ҳамон санаи хотирмон, ки миллионҳо қалбҳои тоҷиконро тасхир кардааст 9-сентябр, оре барои мардуми шарафманди тоҷик яке аз санаҳои таърихи ва муҳим ба ҳисоб меравад, ки мо дубора пас аз Сомониён соҳиби давлати мустақил гардидем. Истиқлолият бузургтарин неъмат ва ифтихори мардуми ҳар кишвар мебошад аз ҷумла барои мо халқи заҳматкаши тоҷик нишона аз субот, оромӣ ва сохибихтиёрист.
Дар давлати соҳибихтиёр, мардум озодона таҳсил ва кору фаъолият мекунанд, оила барпо мекунанд ва муҳимтар аз ҳама хушбахтона зиндагӣ мекунанд, магар ҳамаи ин меваи истиқлолият нест? Бале, алббата ин ҳама самарси истиқлолият мебошад. Ифтихор аз он дорем, ки пайравони Пешвои миллат ҳастем. Барои якпорчагии кишвар саҳм мегузорем. Муқаддасоти миллии худро ҳифз мекунем. Зиҳӣ Тоҷикистони азизам!! Парчамат бодо парафшон кишварам!!
Улуғзода Рухшона,
гирандаи стипендияи
Раиси ноҳияи Шаҳристон