Терроризм дар марҳилаи нав

Чоп

Терроризм дар марҳилаи нав

Агар мо ба таърих назар афканем терроризм давраи дуру дарозро дар бар гирад ҳам, дар асри XX бори аввал дар таърихи башарият дар пешрафти манфиатҳои геополитикии миллатҳо, сиёсати дохилӣ ва муборизаи идеявӣ ба яке аз воситаҳои пурқувват табдил ёфтааст.

Дар асл таҳлили объективонаи падидаи терроризм тасодуфан душвор аст, чунки нақши терроризм дар сиёсати амалии давлатҳои бузургу пурнуфуз ва ҳамчунин кишварҳои рӯ ба тараққӣ хеле баланд гардидааст.

Асосан терроризм дар худ ба шакли мутамарказонидашуда амалан ҳама гуна зиддиятҳои замони имрӯзаро таҷассум кардааст. Ин гуна таркибӣ будани он метавонад дар худ ҳама гуна таркиботи динӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ наҷодӣ, фарҳангиро фароҳам овард. Маҳз аз ин ҷиҳат хеле мушки даст, ки аз паси зуҳуроти берунии амалиёти террористӣ сабаби ҳақиқии он мушоҳида шавад. Тамоми амалҳои террористӣ якояк чандин сабабҳои худро дорад. Чандин сабабу шароит болои ҳам зам мегарданд ва он ба вуҷуд меояд

Гургзода оқибат гург шавад,

Гарчӣ бо одамӣ бузург шавад.

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи

дастгоҳи Раиси ноҳия                            Муҳиддинов Б