Омилҳои шомилшавӣ ба гурӯҳҳои
Террористиву экстремистӣ
Тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ имрӯз амният ва мавҷудияти аксар кишварҳои мусалмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд. Таҳдиди ин зуҳуроти харобиовар акнун аз сатҳи миллӣ ва минтақавӣ фаротар рафта, хусусияти умумиҷаҳонӣ касб намудааст.
Раванди ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад, ки насли нави ифротгароёни динӣ, хусусан пайравони гурӯҳи террористии ба номи “Давлати исломӣ” роҳҳи наву пуртаъсири таблиғу ташвиқро дар байни ҷавонон бароҳ мондаанд. Маҳз ҳамин равиши таблиғотии содаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои пайдо кардани ҷойгоҳи байналмилалии ин гурӯҳ ба ҳисоб меравад.
Сармутахассиси шуъбаи рушди
иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи
дастгоҳи Раиси ноҳия Муҳиддинов Б