Инчунин дар ноҳияи мо низ якчанд муассисаҳои нави таълими аз ҷумла бинои нави гимназияи давлатии №1 бо тариқи ҳашар сохта шуда, имрўз ороиш ва рангу бори қисми дохилӣ ва берунии бино аз тарафи як гурў ҳ сохтмончиёни шаҳри Истаравшан бо роҳбарии Зафар Умаров, Диловар Кенҷаев, Эҳром Абдуллоев, Акбар Сангинов, Зуфар Баротовҳо бо маром идома дорад.
Бинои муассисаи таълимии гимназияи давлатӣ барои 390 нафар хонанда пешбини шудааст. Бинои таълимӣ аз дуошёна бо 14 синфхона, аз синфхонаҳои умумӣ ва фаннӣ, инчунин утоқҳои кори барои омўзгорон иборат мебошад.
Бинои мазкур ба ҷашни 24-солагии Ваҳдати миллӣ ба истифодабарӣ дода мешавад.