Мушкили аслии ҷавонони ноогоҳ
Мушкили аслии ҷавонони ноогоҳи кишварҳои мусалмоннишин он аст, ки онҳо аз идеологияи аслии ифротгароёни динӣ, бахусус, аз гурӯҳи террористии ба номи “Давлати исломӣ”, иттилооъ наадоранд ва аз ин ҷост, ки ба фиребу найранги онҳо дода мешаванд. Мувафиқи тафаккур ва таълимоти гурӯҳҳои ифротии динӣ ягон давлати мусалмононнишин бояд ҳамчун давлати мустақил вуҷуд надошта бошад. Тибқи назари онҳо, бояд ҳамаи ин давлатҳо маҷбуран ишғол ва ба таркиби “хилофати ягонаи исломӣ” дохил карда шуда, ҳамчун як ноҳияи “хилофат” бечунучаро ба халифаи ягонаи онҳо итоат кунанд.
Ҳамин тавр ифротгароён ҳеҷ гуна давлати мустақил ва истиқлолияти давлатҳои мусалмоннишинро эътироф намекунанд, балки онҳоро дар таркиби “хилофат” дидан мехоҳанд.
Сармутахассиси шуъбаи рушди
иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи
дастгоҳи Раиси ноҳия Муҳиддинов Б