Террорист шахсе, ки дар анҷом додани фаъолияи террористӣ дар ҳама гуна шакл иштирок менамояд. Ташкилоти террористӣ ташкилоте, ки ба мақсади содир намудани фаъолияти террористӣ таъссис дода шудааст ё дар фаъолияти худ имконияти истифодаи терроризмро эътироф менамояд. Ташкилот террористӣ ба ҳисоб меравад, агар аққалан яке аз ҷузъу томхои дохилии ташкилот ё бо огоҳии аққалан яке аз мақомоти роҳбарикунандаи он фаъолияти террористиро анҷом медихад; Мубориза бар зидди терроризм – фаъолият оиди ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудан, то ҳадди камтарин расонидани оқибати фаъолияти террористӣ, амалиёти зиддитеррористӣ чорахои махсус, ки барои пешгирии амали террористӣ, таъмини амнияти шахсони воқеъӣ, безарар гардонидани террористон, инчунин то хадди камтарин расонидани оқибати фаъолитяи террористӣ анҷом дода мешавад минтақаи гузаронидани амалиёти зидди террористӣ қитъахои алохидаи махал, воситахои нақлиёт, бино, иморат, иншоот, хона ва қаламрави дар атрофи онхо, ки дар худудашон амалиёти мазкур гузаронида мешавад.
Нозири сомонаи
Ҷамоати Шаҳристон Қобилҷонзода Сабзина