Таблиғоти бегонапарастӣ ва оқибатҳои он

Чоп

 

 

Маълум аст, ки Додгоҳи Олии Тоҷикистон соли 2015 ҳизби назҳатро ҳамчун ташкилоти террористӣ экстремистӣ эълон карда, фаъолияташонро дар қаламрави кишвар мамнуъ намуд.

Соли 1997 баъди байни мухолифин ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ баста шудан, ба ин ташкилоти ифротӣ-террористӣ имконият дода шуда буд, ки рафторашро нисбат ба ҳукумату давлат дигаргун кунад ва мувофиқи он ба намояндагони  мухолифин 50% вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатӣ вогузор карда шуд. Ба таври  қонунӣ пазируфтани ташкилоти террористии наҳзатӣ ҳамчун ҳизби сиёсии хусусияти динидошта имкон дод, ки намояндагонаш дар мақомоти мухталифи давлатӣ, аз ҷумла, ниҳодҳои қудратӣ, ба вазифаҳои масъул тайин гардиданд, ки ин як навъ пайванд ёфтану диду сиёсат дар ҳокимияти сиёсат дар ҳокимияти сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Вале саркардагону аъзои ташкилоти террористии назҳатӣ дар низоми давлатдории дунявӣ, ҳамчун як ниҳоди исломи сиёсӣ мақоми қонунӣ касб карда, тавонист аз тариқи матбуоти расмии худ идеяи исломӣ сиёсиро пайваста тарғиб намоянд. Баъдан муносибати аъзои ин ташкилоти террористӣ бо ҳукумат дигаргун шудан гирифт ва он боиси ошўби мусаллаҳонаи ин ташкилоти террористии назҳати исломӣ дар моҳи сентябри соли 2015 гардид. Хушбахтона, ин даъфа низ онҳо ниятҳои нопокашонро дар хориҷи кишвар ба роҳ монда, ҳадафҳои нопоки худро нисбат ба давлату миллати тоҷик идома дода истодаанд. Хушбахтона, мардуми сарбаланди Тоҷикистон заррае ба ин палидони назҳатӣ таваҷҷуҳ надоранд ва ба муқобили онҳо муборизаи беамон мебара.

Сармутахассиси бахши фарҳанг                             Ғозибекова С.