Терроризм ва эсктремизм- хатари глобалии ҷаҳони имрӯза

Чоп

 

 

Ҳаракатҳои террористи дар ҷаҳони ҳозира  ҳатари бузурги иҷтимоӣ дорад. Базе аз ҷавонони мо бинобар паст будани дониши сиёсӣ , рушд наёфтани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ба ҳаргуна гурӯҳҳои террористиву ифротгаро шомил шудаанд, ки ин аҳли ҷомеаро, хусусан омӯзгоронро хеле ба ташвиш меандозад. Ин амал омӯзгоронро огоҳ мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, мунтазам тарғибу ташвиқи ғояҳои  олии ватандӯсти машғул шаванд. Бо воситаи илмомӯзӣ ,бо воситаи чорабиниҳои берун аз синфӣ ва соатҳои тарбиявӣ дониш, фаҳмиш, ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва шуурнокии сиёсии хонандагонро баланд бардоранд,  ба хонандагон дар бораи оқибатҳои бади кирдорҳои номатлуби гурӯҳҳои ифротгаро бештар маълумот диҳанд, ба онҳо фаҳмонанд, ки оқибати  шомилшави ба гурӯҳҳои ифротгаро, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ онҳоро чун муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ ба ватангадои маҳкум мекунад.

Ташкили кор оид ба пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои экстремистӣ ва терористи зина ба зина якчанд марҳаларо дар бар мегирад. Ба андешаи мо, хуб мешавад, ки дар асоси барномаҳои махсус бо ҷавонон ва наврасон дар муасиссаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, чорабиниҳо ва вохӯриҳо, маҳфилҳо, мизҳои гирд бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронида шаванд.

Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти

муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳристон                    Бобокалонова З