Терроризм вабои аср

Чоп

 

 

Барои тайёр кардани ин гунна шахсони ифротгарони худкуш ташкилот ва шахсони махсус аз ҳар гуна воситаю имкониятҳо истифода бурда, майнаи сари инсонро заҳролид мекунанд. Дар вуҷуди онҳо ҳисси бадбинӣ, тундравӣ, бадафкорӣ, нафрат ба зидди одамон пайдо карда, онҳоро ҳамҷун воситаи тарканда, ё ин ки олоти заҳролуди бактериологӣ истифода мебаранд. Ин гунна шахсон ба дараҷае мерасанд, ки ҳатто падар ва модари худро намешиносанд.  Онҳо аввал барои пул кор кунанд, сипас дар натиҷаи суҳанҳои таъсирбахши равонӣ ки аз ваҷҳи ҷаннат ҷиҳод ва озодӣ дар рӯзи қиёмат  ба силоҳи қатлиомӣ  табдил мешаванд.

Маҳз барои ҳамин тамоми устодон ва умуман  ҳар як сокини соҳибмаърифати кишвар барои комил шудани тарбияи насли наврас саю кӯшиш ба ҳарҷ диҳанд. То фарзандони азизамон ба доми гурӯҳҳои ифротгароӣ дучор нашаванд.

Минтақа ва ҷаҳони имрӯз ба ҳаводиси даҳшатбори экстремизм, радикализм ва тероризм динӣ-мазҳабӣ рӯз дар миён дар қалоби исломӣ сиёси мешавад ва мақомати расмӣ, ниҳодҳои давлати, ҷомеаи маданӣ ва умуман мардуми минтақаҳои гуногуни ҷаҳон саъю талош меварзанд, ки дасти дарози ин даҳшатафкониро бигиранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шукру беҳад, ки туфайли сиёсати хирадмандонаю башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ва аҳли зиё мутафаккирону донишмандон фазои сулҳу асоиш ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии ҳукумрон аст, вале падидҳои  даҳшатноку марговари терористии кишварҳои гуногун ба мо низ бетаъсир нахохад монд зеро дар шароити имрузаи ҷаҳоншави халқи  Тоҷикистон ҳам узви ҷудонашавадаи ҷомеаи ҷаҳони мебошад. Аз ин  нуқтаи назар, гирифтани пеши ҳамма гуна зуҳуроти, номатлуби даҳшатовар вазифаи ҳар як шахси поквиҷдону халқпарвар ва ватандӯсти ояндасоз мебошад.

Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти

муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳристон                    Бобокалонова З