Саҳифаҳои интернетро аз назар гузаронем, маводи паҳнкардаи душманони миллат аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни миллатҳо дигар коре нест. Вагарна аз чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ватан канораҷӯӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд? Меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз канори айбҷӯиву харобкориро пеша кардаанд. Дар зери шиорҳои фирефтаи гӯё “таълимоти динӣ” ба амалҳои ифротгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи “шаҳид шудан дар роҳи ислом”, “қаҳрамонӣ”, “фидокорӣ” содир мекунанд ва мехоҳанд, бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд., яъне супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.
Биёед, нисбат ба чунин вабои аср ва наслкуш бетараф набошем ва наздикони худро дар дохили кишвар зери назорати қатъӣ гирем. Нагузорем, ки насли наврас фирефтаи гурӯҳҳои ифротӣ ва тӯъмаи гурӯҳҳои террористӣ шаванд .
Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти
муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳристон Бобокалонова З