Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 чунин таъкид шудаааст: ‘’Терроризм ва Экстремизм, яке аз ҷониби, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар , аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра ҳаст.
Истилоҳи ‘’Терроризм’’ аз калимаи лотинии ‘’terror’’ сарчашма гирифта, маънояш‘’Тарс ва ваҳм’’аст. Терррористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро баҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.
Террроризм ва экстремизм ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоӣ - сиёсӣ ва ҷиноӣ аз зиддиятҳои дохилӣ ва берунаи рушди иҷтимоӣ вобаста мебошад. Террроризм ва экстремизм ин таҳдиди бисёрҷониба ба манфиятҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷаъмият ва давлат, ки яке аз навъҳои аз ҳама хатарноки ифротгарии сиёсӣ дар ҷаҳонӣ мебошад.
Омӯзгори фанни забони хориҷӣ дар
МДТ ЛКСК н. Шаҳристон Шамсиева З