Лек онҳо рафтору кирдорҳое, ки ба анҷом мерасонанд, аз рӯи дини мубини Ислом нест.Онҳо нисбати халқ, нисбати давлату миллат хатарҳои зиёдеро ба вуҷуд оварда, мақсадашон ҳамаро зери итоати худ қарор додан мебошад.Террористон имрӯзҳо бисёртар ҷавонони моро бо ҳар роҳу воситаҳо ба гурӯҳҳои худ шомил намуда истодаанд.Сад афсӯс, ки ин ҷавонон, бехабарон надидаву надониста ба ин роҳи роҳгумзадагон ҳамроҳ мешаванд.Террористон мисли шайтон ҳаёти тамоми ҷомеаи ҷаҳониро зери хатар гузошта, онҳоро маҳкум месозанд.Ин амалу рафтори онҳо аз рӯи инсонигарӣ рост намеояд,баъд чи тавр онҳо худро тарафдори дини мубини Ислом меҳисобанд.Аз ин рӯ мо бояд бо тамоми кӯшишу ғайрат зидди ин зуҳуроти номатлуб мубориза барем,барои несту нобуд сохтани он дастаҷамъона ҳаракат намоем.
З.Ғоибова.