Лаънат ба шумо хоинони миллат

Чоп

 

 

Бузургон қайд намудананд, ки:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айбе ки ҳаст дар мусалмони мост.

 

Оре унвони «Хоини миллати тоҷик» ба Муҳиддин Кабирӣ арзанда мебошад. Чунки дар ҳақиқат ӯ  ба миллату аҷдоди худ хиёнат кардааст. Ин нохалаф манифатҳои миллии ҳамзабонон ва ҳамдиёрони худро нодида гирифта, ба аъмоли ношоям даст задааст. Агар ба хоини миллат Муҳиддин Кабирӣ назар афканем, маълум мегардад, ки ӯ як шахси нотавонбин ва дур аз фаҳмиши дини ислом мебошад. Хиёнати  Муҳиддин Кабири-ро тамоми мардуми тоҷик дарк намуда, ба ин миллатфурӯш лаънат мехонанд, ва ӯро ташкилотчии ҳодисаи сентябри соли 2015 меҳисобад.

Ман бовари комил дорам, ки миллати тоҷик ба чунин дурӯғҳо ва сафсатаҳои Кабирӣ гӯш намедиҳанд, чунки ниятҳои ғаразноки ӯ ба ҳамагон маълум гаштааст. Бинобар ин моро зарур аст, ки зиракӣ ва ҳушёрии худро аз даст надиҳем ва барои гулгул шукуфоии Ватани азизамон кӯшиш намоем ва онро аз ҳар гуна шахсони ҷоҳил, милатфурӯш, кӯрнамак мисли Кабирӣ борин аз хоинон ҳифз намоем.

 

Ин фитнагарон боз бо найранги дигар,

Доранд ба ҷойи оштӣ ҷанги дигар.

 

Мутахасиси пешбари бахши дин, танзими

анъана ва ҷашну маросими

МИМҲД-и н. Шаҳристон          Юнусов Носирҷон