Зикр бояд кард, ки дар даврони Истиқлолият давлати ҷавони тоҷикон дар байни мамолики аҳолияш мусалмон ва умуман ҷомеаи ҷаҳони муосир мавқеъ ва манзалати хос пайдо намуд. Суханрониҳои Президенти мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ- Пешвои миллат дар ҷаласаҳои бузурги байналхалқии давлатҳои аъзои Конфронси исломӣ, ҷонибдории шахсии сарвари давлати мо аз покизагии дини мубуни ислом бо терроризму экстремизми байналмилаӣ, ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мамолики гуногуни олами ислом аз он шаҳодат медиҳанд, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол аз змраи давлатҳои озоду ободест, ки дар он баробари расму оини миллию риоя мегарданд. Самари неки истқлол ҳамин аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст
Қадамҳои аввалини Истиқлолият бо ҷанги хонумонсӯз оғоз гардид, ки он аз ҷониби ТЭТ ҲНИ роҳандозӣ шуда, яксаду панҷоҳ ҳазор кушта, 1 миллион гуреза ва пеш аз 10 миллиард зиён расонид. Ҷангу талошҳои ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта тамоми фишангҳои давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ карда буданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои раҳҳои аз ин ҷанг ва расидан ба истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ талошҳо мекарданд. Сипас талошу заҳмат, ва ҷонфидоиву ҷоннисориҳои Пешвои миллат 27 июни 1997 «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин имзо гардид ва он рӯзи муборак Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд
Дар даврони истиқлолият Тоҷикистон дар соҳаи илму маориф иқдомоти ҷиддиеро роҳандозӣ карда, ислоҳот ва навсозиҳоро босуръат пеш бурда истодааст. Нишондиҳандаҳои дараҷаи таҳсилот собит месозанд, ки саводнокӣ миёни аҳолии калонсол боло рафта, ҳиссаи шаҳрвадоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ мегиранд, боло афзуда истодааст.
Аз ин рӯ мо тоҷикон бояд шукргузорӣ аз он намоем, ки Худованд баҳри мо чунин Ватани азаизу маҳбуб ва ободу зеборо ато намудааст, ки мо бояд барои боз ҳам машҳуртар гардидани ин давлати соҳибистиқлол ҳиссаи худро гузошта зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.
Мутахасиси пешбари бахши дин, танзими
анъана ва ҷашну маросими
МИМҲД-и н. Шаҳристон Юнусов Носирҷон