Ҳар як амали террористие, ки дар ин ё он гӯшаю канори дунё ба вуқуъ мепайвандад бо мададу дастгирии хоҷагони хориҷи амали мегардад. Ба навиштаву гуфтаҳои беасоси хоинони миллати тоҷик, ки мудом дар шабакаҳои интернети нисбати давлату миллат, садо медиҳад бо далелҳои мушаххас ва суханҳои таъсирбахш вокуниш намоем. Мақсадҳои ғаразноки ин хоинони миллат он аст, ки халқи тоҷикро тормор карда аз байн барад. Бо амри Худованди бузург аз байни халқ шахсеро ба мо ато намуд, ки ин миллат ва давлати тоҷикро аз ин парокандагӣ ноҷод дод.
Новобаста аз таҳдиду ҳаракатҳои онҳо мо итмом дорем, ки ваҳдату якдили ва сулҳу суботи кишвари Тоҷикистон бебозгашт буда, халқи мо бо азму талошҳо бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафҳои олии миллат ноил мегардад ва мардуми сарбаланди тоҷик беш аз ҳрвақта зиракиву ҳушёрии худро зиёдар хоҳем кард, ва ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки хоинони миллат ба тинҷиву оромӣ ва осудагии кишвари маҳбубамон, халалдор созад.
Мутахасиси пешбари бахши дин, танзими
анъана ва ҷашну маросими
МИМҲД-и н. Шаҳристон Юнусов Носирҷон