Ваҳшиёнати терроризм

Чоп

 

 

Террористону экстремистон, хоинону ватан фурӯшон ҷиҳод алайҳи кӣ эълон медоранд? Муқобили мусулмонон, муқобили калонсолону кӯдакон, ҳамдаёрону ҳамватанони худ. Онҳое, ки аз хориҷи кишвар одамонро ба ҷиҳод ташвиқ мекунанд, дар асл хоинони миллат, ватанфурӯшони зархариданд, ки имрӯз аз Сурияву Ироқ фардо дар Амрикову Аврупо баромад мекунанд. Ҳамаи гуфторашон дурӯғ, кирдорашон фисқ ва замирашон пур аз нифоқ аст. Ба хотири пули ночиз ба Тоҷикистони азиз хиёнат карда, мехоҳанд одамонро ба вартаи ҳалокат афкананд. Дар ин давраи ҳассос мо бояд бениҳоят хушёр ва эҳтиёткор бошем. Ба насли ҷавон ва наврас тарзи ҳаёта одам, бидуни ҳар гуна ҷангу ваҳшониятро тарғибу ташвиқ созем. Таълиму тарбияро тавре ба роҳ монем, ки барои бекориву бе ақли  рафтани вақти холӣ фурсат наёбанд.

Барои ҳамин мо ҷавонон зираки сиёсии худро гум накарда барои пешрафти Тоҷикистони азизамон ҳиссаи худро  гузорем ва шукургузорӣ  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоем, ки бар мо ҷавонон хелоҳам шароитҳои беҳтаринро пайдо карданд

 

Мутахасиси пешбари бахши дин, танзими

анъана ва ҷашну маросими

МИМҲД-и н. Шаҳристон          Юнусов Носирҷон