Имрӯз дар кишварамон бо шарофати Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу оромӣ ва серию пури побарҷост. Имрӯз, низ хоинони кишвар мехоҳанд бо ҳар роҳе дар кишварамон нотинҷӣ ва нооромиро ба вуҷуд оранд, зеро онҳо аз ин манфиат ба даст меоранд. Баъзе масъалаҳои ҳалталаб, ки дар ҷомеа пайдо мешавад, на бораи тазоҳурот, балки метавонем бо роҳи гуфтушунид ва якдигарфаҳмӣ ҳал кунем. Мамлакатҳое, ки мо дида истодаем тариқи расонаҳои ҷаҳонӣ бетартибиҳо вуҷуд доранд, оқибаташ ба чӣ рӯзҳо оварда расонидаанд. Имрӯзҳо ҳамаи мо шоҳиди он гардидаем, ки дар арсаи байналмиллалӣ вазъияти сиёсии ҷаҳон нотинҷ, зудтағйирёбанда ва пешгӯинашаванда боқӣ мемонад.
Ватани тинҷ ва осудаи моро, ки дар ин давру замон тинҷиву оромӣ болотар аз ҳар арзиш мебошад, ба вартаи ҷанг накашанд. Мо бояд дурандеш бошем, на танҳо фикри имрӯзу фардо, балки фикри ояндаи фарзандонро дар сар дошта бошем.
Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти
муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳристон Бобокалонова З