Падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир

Чоп

 

 

Шаклҳои зуҳури терроризм хеле гуногун мебошад. Бинобар ин мутахассисон онро ҳар гунна тақсимбанди мекунанд: терроризми давлатӣ, терроризми гурӯҳҳои мухолифи давлатӣ, терроризми байналмиллалӣ ва дохилидавлатӣ. Аз рӯи хусусиятҳои иҷтимоӣ бошад, терроризмро ба терроризми иҷтимоӣ, динӣ, этникӣ тақсим мекунанд. Бо вуҷди ин як таърифи мукаммали терроризм не, балки даҳҳо таъриф вуҷуд дорад. Нишонаи асосии терроризм ин амали зӯроварӣ ва даҳшатафканӣ ба хотири ба даст овардани мақсадҳои сиёсӣ мебошад.

Ҷуғрофияи паҳншавии созмонҳои террористӣ бисёр васеъ аст: Аврупо, Осиё, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Африқо ва ғайра, созмонҳои террористии « Абу-Нидал », « Абу Сайёф » ва « Аум Синрике » (Ҷопон), «ХАМОС » (Фаластин), созмони баскҳои Испания бо номи «Ватан ва озодӣ» (ЭТА), «Ал-Қоида», «Артиши озодиҳои миллӣ» (Колумбия), созмони озодибахши тамоил Илама (Шри-Ланка), созмони « Бригадаҳои сурх» (Италия), «Толибон» (Афғонистон), «Боко ҳарам», «Давлати исломӣ», «Ҳаракати исломии ӯзбекистон», «Лашкари Тайба» (Покистон), «Гурӯҳи салафии таблиғ ва ҷиҳад» (Алҷазоир), «Ал-ихвон ал муслимин» (Миср), «Ал Ҳарамайн» (Арабистони сауди) ва ғайра.

Миқёси амалҳои террористӣ низ бошиддат меафзояд. Аз рӯи ҳисоботи Депортаменти давлатии ИМА ҳамасола дар ҷаҳон аз 320 то 620 амалиёти террористӣ анҷом дода мешавад. Яке аз омилҳои пайдоиши ба истилоҳ «терроризми исломӣ» таассуби динӣ мебошад. Ифродгароӣ, тундгароӣ, терроризм аз таассуби динӣ сарчашма мегирад. Сарчашмаи ғоявии пурқудрати ислом метавонад ҳам созанда бошад ва ҳам сӯзанда.

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират

дар ноҳияи Шаҳристон                                Мирзозода М.