Дар ноҳия мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии қалъаи «Қаҳ-қаҳа», кўшки «Чилҳуҷра», «Истиқлол», мавзеъҳои «Хуррамдара», «Сабздара», «Насими кўҳсор», истироҳатгоҳҳои «Чашма», «Парасту», «Обшорон», «Эделвейс» ва «Рудоба» мавҷуд буда, ҳар сол шумораи зиёди сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба истироҳат меоянд.
Тибқи дастуру супоришҳои Раиси ноҳия Акрамзода Баҳодур Исмоил бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, ҳифз ва нигоҳдории мавзеъҳои сайёҳӣ санаи 9 июни соли равон дар мавзеи “Хуррамдара” бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо кормандони муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия, бахши ҳифзи муҳити зист, муассисаи давлатии назорати роҳҳои автомобилгарди ноҳия, Ҷамоатҳои деҳот ва бахши ҷавонони ноҳия аксияҳои сайёҳии экологӣ ташкил ва баргузор гардид.
Дар ин рӯз дар минтақаи истироҳатии “Хуррамдара” аз тарафи муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия 20 нуқтаҳои партовҷамъкунӣ ташкил карда шуда, бо ҷалби шаҳрвандони сину соли гуногун мавзеи истироҳатии “Хуррамдара” тозаву озода карда шуда, ба истироҳаткунандагон барои ҳифзи муҳити зист буклетҳои тарғиботӣ тақсим карда шуд.