Экстремизм дар шароити имрӯза бештар ба сиёсат дахл намуда, ин тазоҳурот пеш аз ҳама дар ниҳоди ҳамаи динҳо вуҷуд дорад. Мақсади ниҳоии онҳо ба ҳар роҳу восита созмон додани давлати ягонаи бесарҳади мусулмонист. Ин ҷараён бештар дар нимҷазираи Арабистон рушд намуда, бо номи Ваҳҳобия машҳур шудааст ва ба такягоҳи экстремизми байналхалқӣ табдил ёфтааст.
Экстремизми дини маҳз бо таъсири худ дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи махсусро соҳиб шудааст. Шаклҳои муборизаашон маълум буда, бо роҳи зӯрӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, халалдор сохтани сулҳу субот ва истиқлолият, ҷори намудани таълимоти бегонаи дини ва онро дар муборизаи худ барои ҳадафҳои ниҳонӣ, бесозиш бо ҷомеа ва шаҳрвандон истифода менамояд.
Тоҷикистон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи аҳли башар, наметавонад аз ҳаводису воқеаҳои ҷаҳони дар канор ва бетаъсир бошад. Солҳои 90-и асри гузашта дар натиҷаи фароҳам омадани шароитҳо, фактори динӣ дар ҷомеа якбора рӯ ба инкишоф ниҳод. Аз вазъияти ба амаломада пеш аз ҳама диндорони шинохтаи кишвар бо ёрии «хоҷагони» берунаи худ вазъиятро ба манфиати худ истифода бурда, аз камсаводӣ ва дарки нокифояи идеологияи миллӣ, мардумро ба шӯру кашмакашиҳои бемаъни расониданд. Таърихи талхи начандон дури Ватанамон моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори «исломиёни бунёдгаро» ва «хоҷагони» онҳо дуруст хулоса намоем.
Ҷаҳони имрӯза бо факторҳои исломӣ, исломгароёни фундаменталист, радикал-исломистҳо, ва исломиёни экстремист шиносоии пурра дорад. Онҳо вобаста ба шароити миллату давлатҳо муборизаҳои худро барои расидан ба ҳокимият тарҳрези намуда, пайи амалишавии онҳо мегарданд.
Барои ҳамагон пӯшида нест, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусулмонони кишвар тамоми шароитҳоро фароҳам овардааст. Тамоми ҳамватанони мо, барои иҷрои нишондодҳои шариат ва Ислом ҷидду ҷаҳд намуда, ягон монеа ва душвориҳо пеши роҳи онҳо вуҷуд надорад.
Дар ин ҷода моро зарур аст, ки пеш аз ҳама рӯ ба мактабу маориф биёрем. Ин таҳаввулот тақозо менамояд, ки ҳар як фарди ҷомеа, хусусан ҷавонон кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки соҳиби донишу маърифат ва касбу ҳунарҳои замонавӣ гарданд.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират
дар ноҳияи Шаҳристон Мирзозода М.