Нақши бузурги омӯзгор

Чоп

 

 

Мақоми омӯзгор дар ҳама давру замон баланд буду ҳаст.дар навбати хеш давлату ҳукумат соҳаҳои илму маорифро яке аз соҳаҳои  афзалиятнок шуморида, шароити хуби шоистаро  муҳайё намудааст. Омӯзгор бояд масъулияти хешро хуб дарк намояд, роҳи дурусти таълиму тарбияро барои насли наврас нишон бидиҳад. Албатта, ҳар як омӯзгор  орзу дорад, ки шогирдонеро ба воя расонад, ки бо донишу интизом ва бо касбу кори худ обрӯю эътибори миллат ва меҳани хешро баланд бардоранд, фарзандони барӯманди халқи хеш гарданд ва дар ободииВатани азизамон саҳм гузоранд.

Шахсияти шогирдонро омӯзгор ҳеҷ гоҳ паймол накунад, ба фикру ақидаи ӯ гӯш андозад ва баҳри балан  бардоштани савияи дониши шогирд ҳамкории қавиро бо оила ба роҳ монда.

Омузгоре, ки диққати шогирдро ҷалб мекунад ва дар симои  шогирдон ояндаи дурахшони  Ватани  хешро  мебинад, омӯзгори асил аст.

Омӯзгори фанни таърих дар

МДТ ЛКСК н.Шаҳристон                 Абдураҳимова Ҳ