Дар даврони соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ ба забони асосии раванди таҳсил дар зинаҳои гуногуни илму маориф ва воситаҳои ахбори омма мубаддал гардид. истифодаи самарабахши забони давлатӣ дар тамоми зинаҳо соҳаи маориф имкон медиҳад, ки забони мо ҳам дар сатҳи таълим ва ҳам дар сатҳи илмӣ густариш пайдо кунад, зеро таҳияи садҳо ҳазор китобу воситаҳои таълмӣ бо забони давлатӣ, имкон медиҳад, ки забони илми тоҷикӣ ҳам дар бахши илмҳои иҷтимоӣ ва ҳам дар бахши илмҳои дақиқ поягузорӣ шавад.
Бояд гуфт, ки дар бахтномаи миллат - Конститутсия ҳамчун забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудани забони тоҷикӣ боиси сарфарозист.
Дар тани миллат чу ҷон бошад забони модӣ,
Беҳтарин ганҷи ҷаҳон бошад забони модарӣ.
Миллате, ки мекунад хораш,бигардад бенишон,
Появу ному нишон бошад забони модарӣ.
Омӯзгори фанни забон ва адабиёт Ғозибекова О