Чи тавре, ки дар боло зикр кардем халқи тоҷик баробари таърихи бойю қадима доштан маданияти баланд низ доранд, аммо хулоса баровардан мумкин аст, ки халқи қирғиз аз таърихи қадимаи хеш огоҳ нестанд. Таърих гувоҳ аст, ки Ворух аз қадим як пораи биҳишти Тоҷикистон аст. Аммо халқи қирғиз аз надонистани таърих мехоҳанд ин пораи Тоҷикистонро ба худ тобеъ кунанд, вале мардуми тоҷик намегузоранд, ки як ваҷаб сарзамини аҷдодии хешро ба дигарон диҳанд. Тоҷикон ҳама сарҷамъу муттаҳид ҳастанд чӣ мешуд, ки бародар ҳамсояи қирғизи мо пеш аз оғози чунин кирдору рафтор андеша мекарданд? Вазъияте, ки дар марзи ин ду кишвар ҳамсоя рухдод ба, ки нафъ овард?
Аз ин рӯ ҳушёриву зиракии хешро аз даст надиҳем. Ба ҷои ҷангу ҷидол мардуми ду кишвари ҳамсоя аз паи ободу зебо гардонидани диёри аҷдодии хеш шавем.
Вазъияти баамаломадаи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон хурду бузургро ба ташвиш андохт. Натиҷаи нофаҳмиҳои мардуми ин ду кишварҳамсоя оқибати бад овард. Мардуми тоҷик солҳои 90-уми асри гузашта азоби ҷангро дида буданд. Дигар дубора намехоҳанд дар ватани азизи хеш оташи ҷанг ҳукмфармо бошад. Вале мо то ҷон дорем, то нафаси охирин ҳар пораи хоки Ватани азизи хешро ҳимоя мекунем ва ба касе намедиҳем.
М.Каримова