Хушбахтона бо мақсади барқарор намудани сохти конститутсионӣ моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ зимни таваҷҷуҳ ба кори Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамфикриву ҷонибдориашро аз санадҳои қабулшуда ва азму иродаи роҳбарияти нави давлати Тоҷикистон дар хусуси барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва эълони давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ баён намуд.
Аз ин хотир Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти байналмилалӣ низ дорад. Санадҳое, ки дар он қабул шуданд, барои халқи тоҷик ва барои таъмини амнияти минтақа аҳамияти таърихӣ дорад.
Мудири шуъбаи иттилоот ва
таблиғоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
ноҳияи Шаҳристон Муллоева Матлуба