Тоҷикон миллати сулҳдӯст.

Чоп

Қирғизҳо дар деҳаи Фирдавсии минтақаи ҷанубии ноҳия истиқомат мекунаду бо чорводорӣ мағул мебошанд. Нооромии сарҳадии байни Тоҷикистону Қирғизистон мардуми қирғизнишини ноҳияи Шаҳристон вокуниш ва ақидаи ибрози худро оиди ин нооромии марзӣ баён намуда, мегӯянд, ки мо ҳама як инсон ҳастем, як бародару як қавм буда, байни худ набояд кинаву ғараз дошта бошем ва ҳалли масъалаҳои сиёсиро набояд бо силоҳу хунрезӣ, балки бо гуфту шунидҳои сулҳовар байни намояндагони ду миллат ҳалу фасл намоем.

 

Чи тавре ки шоири ширинкаломи мо М. Турсунзода овардаанд.

Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,

Бо тапиданҳои беороми рузафзуни дил.

То яроқи тез гардида ба дасти дӯстон,

Ҷангҷӯёнро кунад шармандаи рӯи ҷаҳон.

Дар ҳақиқат,хотири ҷамъи падару модарон ва зиндагии осудаву хоби ороми кӯдакон ин худ як барқарориву мавҷудияти сулҳу амонӣ маҳсуб мешавад.

 

Мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи

электронии аъзои Кумитаи иҷроияи

ҲХДТ дар  ноҳияи Шаҳристон                                    Бобокалонова Маҳфуза