Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатии худро эълон кард. Мутаассифона дар кишвар дар ҳамин давраи ҳассос қувваҳои сиёсие пайдо шуданд, ки ин масъулияти таърихиро нодида гирифта, ҳадафҳои худхоҳонаву ғаразноки худро аз манфиатҳои умумимиллӣ ва давлатӣ боло гузошта, диёри арҷманди тозаистиқлолро ба гирдоби талошҳои сиёсӣ, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва бесарусомониҳо кашиданд. Ин амалҳои нопоку фоҷиаҳо рушди ҷомеаи тоҷиконро ба даҳсолаҳо ақиб партофт.
Хушбахтона, пеши ин фоҷиаро Иҷлосияи таърихию наҷотбахши XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри “Арбоб”-и ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурови вилояти Ленинобод гирифт, ва он оғози наҷоди Истиқлоли давлатии Ватан буд. Интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси сарвари давлат дар тақдири миллати тоҷик фоли нек гардид. Ин сана дар саҳифаи таърихи тоҷикон бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ шуд.
Истиқлол нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳуввият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмиллали ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли давлатиро “арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва куҳанбунёди тоҷик” дар замони муосир шумурдаанд. Дар ҳақиқат ҳам, дастёбӣ ба ин неъмати волотарин, ки барои ҳар як халқу миллат азизу мӯътабар аст, як сарчашмаи бебаҳоест, ки тамоми равандҳои дигари ҳаёти давлату миллат азизу мӯътабар аст, як сарчашмаи бебаҳоест, ки тамоми равандҳои дигари ҳаёти давлату миллатҳоро муайян месозад. Аз ҷумла, миллати тоҷик ба шарофати ин дастовард, яъне расидан ба соҳибистиқлолӣ, дар зарфи 30 сол таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат ба комёбиҳои назаррас ноил гардид.
Мудири шуъбаи иттилоот ва
таблиғоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
ноҳияи Шаҳристон Муллоева Матлуба