Мо аз таърихи худ ҳама ба хубӣ огоҳ ҳастем, ки пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва коста гардидани ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ ба кишвари мо вазъи нохуб ва низоъҳои дохилиро ба миён овард, ки ба тамоми ҷомеа зарари зиёд расид.Баъзе аз ҳамватанони мо аз манзилҳои истиқоматии худ маҳрум гашта, қисми дигари онҳо гуреза гашта, қурбони ҷанги шаҳрвандӣ гардиданд.Дар таърихи халқи тоҷик ин рӯзи фоҷиавӣ чун саҳифаи фаомӯшнашаванда сабт шудааст.
Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик, саҳифаи наверо ба вуҷуд овард.Дар арсаи саҳнаи сиёсати тоҷик як шахси барӯманди тоҷик фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шӯро интихоб гардид.Дар ин вазъияти вазнин, ки ҳеҷ кас ҷуръати ба зиммаи худ гирифтани ин вазифаро надошт, бо як умед,бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, бо мақсади сарҷаъм намудани халқи тоҷик бо маҳорату кордонии худ миллатро аз вартаи нобудшавӣ халос намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини фаъолияти кориашон ҳамеша аз Ватан, аз сулҳу субот,аз миллат суханронӣ намуда,баҳри амалӣ гардонидани пойдории сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистони азизамон ҷони хешро сипар намуда ва барои амали гаштани ин ниятҳои нек кӯшиши зиёд карданд.Ин фарзанди фарзонаи тоҷик ба ваъдаҳои худ истода, ҳар як сокини гурезагаштаи худро ба ватан баргардониданд.Ҳамаи ин хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба инобат гифта, 16-уми ноябрро ҳамчун рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуда, ҳамасола ин рӯз чун ҷашни фаромӯшнашаванда дар тамоми саросари кишварамон таҷлил карда мешавад.
Мо шукрона аз он мекунем, ки имрӯз Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун як кишвари тамаддунофар,дорои таърихи бузург ва фарҳанги бой мешиносанд ва эҳтиром менамоянд.