ОМИЛҲОИ БЕГОНАПАРАСТӢ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТГАРО

Чоп

Ба ҳамин монанд, дар дохили имруза кишвари Русия харакатҳои гуногуни исломгароёни иртиҷои дар ҳамон шабу рӯз фаъол гардида, бо истифода аз шабакаҳои муайяни иртиботи ва маблаггузории давлати сеюм барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ ва истифода аз дини мубини ислом бо назардошти эътикоди динии мардум ҳамеша фаъолияти тарғиботи ва омузиши таълимоти ифротии диниро миёни насли ҷавон таблиғ мекарданд. Ва натиҷа ҳамин шуд, ки баъди суст шудани пояҳои давлатдории собик Шурави барои расидан ба ҳадаф дастандаркорону тарафдорони ташкилотҳои тундгарои дини аз фурсат моҳирона истифода намуда зери шиорхои «Нест бод Коммунизм!», «Марг ба коммунистон!» ва ғайраҳо бо ҷалби васеи ҷавонони ноогоҳ дар кишварҳои пасошурави, бахусус мамлакати мо ҷанги тахмилии шахрвандиро рохандози намуданд. Фикр мекунам, ки як сабаби асосии гаравиши чавонону наврасон дар кишвари мо ба бегонапарастию ифротгарои ин бетаваҷҷӯҳии волидайн ва фаъолияти ташкилоти террористию экстремистии хизби нахзати ислом буд, ки боиси марги ҳазорҳо ҳамватани мо ва ҳисороти зиёди иқтисоди гардид. Зеро бархе аз муллоҳо ва имомон минбари масҷидҳоро манбаи таблиги акидаҳои бегонапарасти намуда, аз роҳу усулҳои муосир иддае ҷавонону наврасони моро гумроҳу бехонумон карданд.