Мо бояд ба қадри ин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат бирасем ва дар рушду нумӯи Ватанамон бо меҳнати софдилона саҳми арзанда гузошта ба Ватану модар ва миллатамон хизмат кунем. Илова бар ин, бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат соли 2017 – Соли ҷавонон эълон гардида буд, ки ин ҳама аз таваҷҷуҳи беандозаи Пешвои миллат ба ҷавонон гувоҳӣ медиҳад. Мо ҷавонон хушнуд аз он ҳастем, ки ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат нисбат ба мо ҷавонон руз то руз зиёд гардида истодааст. Шароити беҳтарин дар ҳар як донишгоҳу донишкадаҳо ва омузишгоҳҳову коллеҷҳо фароҳам шудааст, ки мо ҷавонон илм омӯзему баҳри ин ватани азизамон хизмати шоиста ба ҷо орем. Мо ҷавонон имкон дорем, ки дар донишгоҳҳои олии мамлакат ва ё хориҷ таҳсили илм намоем.Ҷавонони кишвар худро воқеан давомдиҳандаи ҳадафҳои олии кишвар пиндошта, мактаби бузурги ватандустии Пешвои миллатро сабақи бузурги зиндагии хеш интихоб намуда масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо менамоем ва барои рушду нумӯи рузафзуни кишвар ҳамчун созандагони фардои Ватан ва пайравони асилу содиқи Пешвои миллат тадбирҳои судманд андешида, ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона фоъолияти хешро равона месозем.
Қобилзода С