Бо шукргузорӣ аз сарнавишт, ки ин роҳи норавшан бо ҳузури мубашшири сулҳу саодат ва раҳнамояндаи Ваҳдати миллӣ дар кӯтоҳтарин фурсат равшану пайдо гардид. Ба бахти мардуми тоҷик, минбари Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Тоҷикистон истгоҳи хақиқии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гардид, ки аз он ҳавопаймои ормонҳои миллати тоҷик ба дуриҳо дур ба парвоз омада, фардои пиндорҳои ояндасозро дар оинаи ҳақиқат ҷилвагар сохтанд
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баробари эҳёи олитарин арзишҳои маънавӣ, ки фурсате ба гузаштаи фаромӯшӣ рафта буданд, манзалати фарҳанги тоҷиконро дар арсаи олам бо шоистагӣ муаррифӣ намуда ва аз сӯи дигар ҷаҳони муосир бо тозатарин дидгоҳҳо дар шиноҳти ин фарҳанги бо нуфуз қадам бардошт.
Омӯзгори фанни технологияи итттилоотӣ МТМУ №9 ба номи
Суяр Самандаров деҳаи Гулистон Ҳӯҷанова Саодат.