Доир ба ҷашни Меҳргон Сарвари давлат назари некбинона дошта, онро куҳантарин ҷашни миллии мо медонанд ва ба арзишҳои он эҳтироми хосса изҳор менамоянд. Дар ҳамин асос, ҷашни мазкур аз нав эҳё шуда, доир кардани он ҳамасола ба ҳукми анъана даромада истодааст.
Дар ҳақиқат, яке аз унсурҳои ин ҷашн аз он иборат буд, ки мардум аз баракати ҳосили ҷамъовардаашон шукрона мекарданд ва либосҳои шинаму тоза ба бар карда, баракати солро дар баргузории ҷашни Меҳргон ифода намуда, шодию хурсандӣ менамуданд, ки соли оянда ҳосил боз ҳам фаровон гарда два инчунин ғубори заҳмати кашидаи худро ба ин восита аз дил мебароварданд.
Омӯзгори МТМУ № 9 ба номи Суяр Самандаров
Эрбекова Ноила.