“Он ҳанӯз аз лашкаркашиҳои Искандари Мақдуниву арабҳо, ки мардумро ба қатл расонида тамоми осори маданӣ ва китобхонаҳоро оташ заданд, ибтидо гирифта дар давраи ҳуҷуми муғулҳо, ҷангҳои салибӣ, ғоратгарӣ ва бедодгариҳои туркзабонон нисбати халқҳои эронитабори Осиёи Миёна, ҳуҷуми Русияи подшоҳӣ ба Осиёи Марказӣ, ҳаракати босмачигарӣ, ҷанги Олмони фашистӣ, ҳаракати “Толибон”, “Ал-қоида” ва ғайра боз ҳам қуввати бештарро ба худ касб кардааст, ки далели он аз тарафи “ Толибон” ба хок яксон намудани ёдгориҳои буддоии музофоти Бомиёни Афғонистон мебошад.”
Агар мо ба заминаҳои асосии ҷараёнҳои номатлуб дар замони муосир назар афканем, он аз зиддиятҳои гурӯҳӣ, манфиатҳои шахсони алоҳида ва суханбозиву дасисагӯиҳои баъзе аз диндорони ҷоҳил, ки имрӯз диққати мардумро бо ҳар роҳу восита ба худ мекашад, иборат мебошад. Пайдоиши ҳар гуна ҳизбҳову иттиҳодияҳо, ташкилоту муассисаҳои ғайридавлатӣ, ки бархеи онҳо бо мақсадҳои ғаразнок фаъолияти худро байни мардум паҳн мекунанд, решаҳои худро доранд ва онҳо таҳти сарпарастии ашхосе идора карда мешаванд, ки онҳо паси парда ниҳонанд. Ҳамин гуна ҳизбу ҳаракатҳо дар асрҳои миёна низ дида мешуд, ки онҳо низ мақсад, вазифа ва ғояҳои худро доштанд.
Омӯзгори Гимназия №1 Бекбобоева М.