Қувваҳои манфиатҷӯй бо роҳбарии душмани халқ Муҳиддин Кабирӣ дар оғози амалҳои ғаразноки худ сараввал арзишҳои фарҳангию маънавии шахсро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобовариро дар онҳо инкишоф медиҳанд ва таҳдид менамоянд, ки ба амалҳои зишт ва хавфнок даст зананд.
Ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ мешавад, дар мақсадҳои шум ва фаъолиятҳои зиддидавлатӣ ва зидди миллии онҳо шарик аст. Ў бевосита дар муқобили давлати худ, бар зидди Ватани худ ва миллати худ қарор мегирад. Ҳамин тавр, ӯ бо тамоми маънояш хоини Ватан мешавад.
Аз ин рӯ ҳар як фард дарк бояд намуд, ки мубориза бо ин вабои аср на танҳо вазифаи давлат, балки вазифаи муҳими ҳар як фарди бонангу номусӣ ҷомеа мебошад, зеро он на фақат ба давлат ва асосҳои конститутсионии он, балки ба рӯзгори ободу осуда ва тарзи зиндагии ҳар як шахс ва аҳли оилаи он таҳдид мекунад.
Бинобар он мо омӯзгорон бояд ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дошта бошем ва хонандагон, ҷавонон ва насли наврасро дар ҳамин руҳия таълим дода, тарбия намоем.
Сармутахассиси шуъбаи рушди
иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи
дастгоҳи раиси ноҳия Муҳиддинов Боймурод.