Ифротгароӣ – таҳдид ба суботи ҷомеа

Чоп

 

 

Хушбахтона, имрӯзҳо дар тамоми дунё номи давлати тоҷиконро медонанд, ба забон меоранд ба ҳурмати он ҳини садо додани Суруди миллӣ ва оҳанги мутантани он аз Сарони давлатҳо то хурду калон ба по мехезанд, ба Парчамаш суҷуд меоранд. Ҳамаи ин ифтихор ва мояи шукри беадад аз Истиқлолият  ва Ваҳдати миллист, ки бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Лекин ашхоси огоҳу некандеш хуб медонанд,  ки таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аз оғози даврони истиқлолият то ба имрӯз ҳадафи стратегии давлат ва ҳукумат мебошад.

Саъю кӯшиши ҳамешагии Сарвари давлатамон ба он  равона шудааст, ки дар кишвар сулҳу субот ҳамешагӣ пойдор бимонад ва туфайли меҳнати суботкорона мардум зиндагии шоиста дошта бошад. Моро лозим аст, ки чун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеа ҳамеша аз пайи шукуфоии мамлакат, пайрави Пешвои миллат бошем. Ба дастовардҳои кишвари азизамон  дастовардҳои нав ба нав зам намоем.

Ҷавобан  ба эътирози хоинони миллат гуфтанием, ки онҳо худ зархаридони хоҷагони хиёнатпеша буда, ба ивази маблағҳои ночизу нопок ватанфурӯшӣ мекунанд. Оё боре ҳам фикр кардаанд, ки  худ барои манфиати халқу миллат чӣ кореро ба анҷом расонидаанд? Худ душмани озодӣ ҳастанд. Ба пуштибонони худ сахт бовар карда, номи Сарвари некандеши моро сиёҳ карданианд. Аммо бидонанд, ки ба мақсадҳои нопок намерасанд.

Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд аз чунин шахсияти таърихӣ, сиёсатмадори дурандеш, Сарвари оқилу хирадманд ба мисли Эмомалӣ Раҳмон ифтихор намояд

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи

дастгоҳи раиси ноҳия                                    Муҳиддинов Б.