ТАЪРИХИ ПАЙДОИШ ВА МЕХАНИЗМИ ПЕШГИРИИ ОН

Чоп

Воқеан хушунати экстремизм  ва терроризм сол то сол боз ҳам васеътар гардида, дар аксар мавридҳо инкишофи ин зуҳурот аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро бо истифода аз эътиқоди динии аҳолӣ ва номукаммал будани дониши динии ҷавонон ба амал бароварда мешавад. Ислом дини муқаддас аст ва ҳамеша ба дӯстиву рафоқат, ростгӯиву росткорӣ ва некхоҳӣ даъват мекунад. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатар ба миён овардааст. Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи "сиёсати дугона" нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбию сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад. Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар мубориза ба зидди равандҳои номатлуб ва хатару таҳдидҳои муосир дар минтақа дар сафи пеш қарор дорад. Ҳукумати кишварамон барои мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм  "Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020"-ро тасдиқ кард, ки дар асоси он мубориза бар зидди ифротгароӣ ва зӯроварӣ кор пурзӯр карда мешавад. Ҳар фарди кишвар, аз он ҷумла ҷавонон бояд ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва истиқлолияти ватани азизамонро ҳамаҷониба қадр  намуда, ба чунин арзишҳои муқаддас арҷ гузоранд.

 

Омӯзгори МТМУ  №13:                                     Раҷабов Яҳё