Роҳи деҳаи Ободӣ мумфарш мегардад

Чоп

Дирўз, хурсандии сокинони деҳаро ҳадду каноре надошт. Зеро ки дар фазои тантанавӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода маросими оғози мумфаршкунии роҳи деҳа доир гардид.

Ҷавобан ба ин ғамхориҳо сокинони деҳа ҳар рўз ба масъулияти дучанд ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, кабудизоркунӣ, тозагиву озодагӣ, азнавсозии манзилҳои зист, таъмири бом, рангубори деворҳои қадди роҳ машғул мебошанд.