Ин иқдом амалкарди нодири таърихӣ буда, аҳамияти бузург дорад. Зеро аввалин маротиба, аз ҷониби яке аз абарқудратҳо ТТЭ “ҲНИ”, ки сабабгори аслии ҷанги хунини шаҳрванди дар Ҷумҳурии То ҷикистон буд, ҳамчун ташкилоти террористӣ шинохта шуда, фаъолияти ин ҳизби террористӣ дар ҳудуди ин кишвар манъ карда шуд.
Аз ин рў, ҳамаи моро зарур аст, ки ҳушёрию зиракиро аз даст надода, ба тарғиботҳои дурўғини ин ташкилоти террористӣ дода нашавем. Ҳамаи наздикон, хешовандон, фарзандон ва ҳамдиёронамоне, ки дар ҳудуди Федератсияи Руссия қарор доранд бояд огоҳ кунем, ки дониста ё надониста бо ҷонибдорони ин ҳизби мамнўъ ҳамкорӣ накунанд.
Муассисаи рўзномаи “Чашмаи Шаҳристон”