Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии То ҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати то ҷик, саҳифаи наверо ба ву ҷуд овард.Дар арсаи саҳнаи сиёсати то ҷик як шахси барўманди то ҷик фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шўро интихоб гардид.Дар ин вазъияти вазнин, ки ҳе ҷ кас ҷуръати ба зиммаи худ гирифтани ин вазифаро надошт, бо як умед,бо ҳисси баланди ватандўстӣ, бо мақсади сар ҷаъм намудани халқи то ҷик бо маҳорату кордонии худ миллатро аз вартаи нобудшавӣ халос намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои нахустини фаъолияти кориашон ҳамеша аз Ватан, аз сулҳу субот,аз миллат суханронӣ намуда,баҳри амалӣ гардонидани пойдории сулҳу ваҳдат дар То ҷикистони азизамон ҷони хешро сипар намуда ва барои амали гаштани ин ниятҳои нек кўшиши зиёд карданд.Ин фарзанди фарзонаи то ҷик ба ваъдаҳои худ истода, ҳар як сокини гурезагаштаи худро ба ватан баргардониданд.Ҳамаи ин хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба инобат гифта, 16-уми ноябрро ҳамчун рўзи Президенти Ҷумҳурии То ҷикистон эълон намуда, ҳамасола ин рўз чун ҷашни фаромўшнашаванда дар тамоми саросари кишварамон та ҷлил карда мешавад.
Мо шукрона аз он мекунем, ки имрўз То ҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун як кишвари тамаддунофар,дорои таърихи бузург ва фарҳанги бой мешиносанд ва эҳтиром менамоянд.
З. Ғоибова