Ягон модари афғон намехоҳад, ки фарзандаш дар ватан зиндагонӣ кунад, зеро рӯзе нест, ки ягон ҳолати ногувор ба аҳолии ин мамлакат таҳдид накунад. Зиёда аз 40 сол мешавад, ки аҳолии ин мамлакат дар мамлакатҳои гуногуни дунё ҳамчун фирорӣ маскун гирифта, шабу рӯз дар орзуи бехатарии макони аслиашон мебошанд. Мо имрӯз табақаи интеллегенсияи ҷомеа амалҳои бадхоҳону бадандешони миллатро маҳкум намуда, аз ҳамагон даъват ба амал меорем, ки ба қадри ваҳдат, сулҳу субот ва оромии Тоҷикистони соҳибистиқлол расанд, шукргузор бошанд ва дар пешрафту ободии Ватан саҳми арзандаи худро гузоранд.
Абдукахоров Э