Аз ин лиҳоз, тамоми мардум гуруснаву ночор, бехонаву дар гашта , гуреза шуда буданд.
Чандин қаҳрамонҳои халқи тоҷик ҷон додаву чандин модарони тоҷик ашки ҷонсўз рехтанд.Оила ва хешу таборон аз якдигар пароканда шуданд.Он вақтҳо тамоми марзу буми Тоҷикистон вайрону валангор гашта буд. Халқи тоҷик рўзҳои вазнинтаринро аз сар гузаронидааст.Аз ин рў мо бояд ба қадри ин сулҳу субот расида, Тоҷикистони азизро ҳифз намоем.
З. Ғоибова