Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм

Чоп

Вобаста ба ин ва баҳри тадбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва зерқонунӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд, ки бо мақсади таъмини ҳифзи амният, шаҳрвандони он ва дигар шахсони дар қаламрави он қарордошта, аз таҳдиди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), тадбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, барҳам додани таҳдиди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) дар қаламрави кишвар, ошкор намудан, аз байн бурдан ва пешгирии сабаб ва шароитҳое, ки боиси ба миён омадан ва паҳн шудани терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мегарданд, инчунин рафъи оқибатҳои ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, равона гардидаанд.

 

Ҳамин тариқ, дар баробари муқаррароти танзимкунандаи фаъолияти давлатӣ ва баҳри амалинамоии онҳо дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм фаъолияти якҷояи қишрҳои гуногуни ҷомеа талаб карда мешавад. Яъне имрӯз  танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин омилҳои манфӣ гирифта шавад, то ки суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар ватани азизи хеш Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагии ободу осоишта ба сар барад. Инчунин, мо ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ медорем, ҳамчун нерӯи бузурги созанда ва сипари боэътимоди давлатамон бар зидди ҳама гуна хатари терроризму экстремизм бо роҳҳои пешбини намудаи қонунгузорӣ мубориза мебарем.

 

 

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират

дар ноҳияи Шаҳристон                                Мирзозода М.