Терроризми исломӣ

Чоп

 

 

Агар андешаҳои худро ба таври муҷаз баён намоем, яке аз нишонаҳои боризи исломи радикалӣ дар замони муосир зидди давлат амал кардани он аст. Дар асри xx, ки ҷаҳон ба таҳаввулоти назаргире мувоҷеҳ гардид, вобаста ба тағйироти куллӣ дар низоми давлатҳое, ки дар он аксаран мусалмонон зиндагӣ мекунанд, дар баробари низоми давлатдорӣ шеваи амалкарди ислом низ таҳаввул кард. Дар муқобили давлатҳое, ки дар шакли миллӣ ташкил шуданд ва манфиату арзишҳои миллии худро дар мадди аввал гузоштанд, исломи радикалӣ дар камин нишаст ва бо истифода аз фурсати мусоид муқовиматҳои идеологӣ ва гоҳо мусаллаҳона низ кард.

Агар ба таърихи на чандон дури мо дар замони истиқлол як назари амиқ андозем, мебинем, ки решаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ пайванд бо исломи радикалӣ доранд. Дар оғози истиқлол миллати тоҷик барои дубора эҳё кардани арзишҳои миллӣ талош меварзид ва равшанфикрон дар сафи пеши ин талошҳо буданд. Аммо аз ин бедории миллӣ радикалҳои исломӣ ҳадафмандона истифода бурда, ҷараёни беғаши худшиносии миллиро барои пиёда кардани аҳдофи ғаразмандонаи худ истифода намуданд ва мардумро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд.

 

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират

дар ноҳияи Шаҳристон                                Мирзозода М.