Зимни нахудбаромад сарвари давлат гуфтанд: « Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳар чӣ аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳем кард». Дарвоқеъ. суханронии Президенти кишвар ба қалби мардум роҳ ёфта, меҳру муҳаббат, боварӣ ва самимияти бошандагони мамлакатро ба ояндаи нек бештар намуд.
- Аҳли ҷаҳон дар рӯзҳои баргузории иҷлосия ба воқеаҳои дар ҷумҳурӣ рухдиҳанда таваҷҷуҳ зоҳир мекарданд. Иҷлосия дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида давоми 18 рӯз 30 масъалаи аҳамияти таърихию байналмилали доштаро мавриди баррасӣ қарор дода, 90 қарор ва ҳуҷҷат қабул кард. Дар он 74 санади ҳуқуқиаз ҷумла, 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 1 изҳорот қабул гардид.
Омӯзгори фанни таърих Абдураҳимова Ҳ