Оқибатҳои фоҷеабори терроризм

Чоп

Хисороти умумӣ бар асари ҷанги шаҳрвандӣ маблағи беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил доданд. Ин аст, натичаи тероризм ва экстримизм аз ин рӯ Точикистон дар пешгири ва муборизаи ҳамешагӣ муборза бар зидди тероризм ва экстремизм буда аз воситаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва байналмиллали дори ҳамаи равндҳои пешгирии ин вабои аср дар сафи пеши мубориза мебошад.

 

Ҳукумати кишвар дар такя ба ирода ва ҷонибдории мардуми Тоҷикистон аз сулҳу субот тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дод, то муколамаи васеи миллиро ба роҳ монда, ваҳдати милливу суботи ҷомеаи худро барқарор намояд. Точикистон, ки хатари дар ҷомеаи кишвар паҳн шудани терроризму ифротгароии хушунатомезро бартараф карда, ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, ҳамчунин дигар шарикони байналмилалии худ ҳамкории фаъол ва пешгири аз ин хатарро идома медиҳад. Бо ин мақсад аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд қонунҳо ва санадҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”(соли 1999), Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), (соли 2006) Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)”(соли 2006) ба тасвиб расиданд, ки барои муборизаиоштинопазир бурдан бо зуҳуроти номатлуб мусоидат менамояд.

Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти

муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳристон                    Бобокалонова З