ПАЁМИ

Чоп

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба роҳи душвори расидан ба Ваҳдати миллӣ таъкид намудаанд: «Сулҳу субот ва ризоияти миллӣ ба халқи тоҷик ба осонӣ муяссар нашудааст. Барои расидан ба ин рӯзи фирӯз моро лозим омад, ки роҳи тӯлонии ноҳамворро тай намоем, мушкилоти сангинро паси сар кунем».

Боиси таъкид аст, ки таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ имсол дар остонаи ҷашни бошукӯҳи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Имрӯзҳо ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия корҳои созандагиву ободонӣ бо маром идома дошта, мардуми ноҳия барои дар сатҳи баланд истиқбол намудани ин санаи фархунда софдилона меҳнат намуда истодаанд.

Айни замон дар маркази ноҳия сохтмони бинои Гимназияи давлатии №1, майдони Парчами давлатӣ, барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон, марҳилаи 2», дар мавзеи «Хуррамдара» корхонаи саноатии «Элитаи Шаҳристон», дар деҳаи Ваҳдат корхонаи саноатии «Мурғи Шаҳристон», дар деҳаи Ободӣ сохтмони муассисаи таълимии №19 ва дар дигар иншоотҳо корҳо бо маром идома дошта, дар рӯзҳои наздик ба истифода супорида мешаванд.

Боварӣ дорам, ки мардуми сарбаланди ноҳия бо шукргузорӣ аз Ваҳдати миллӣ ҷиҳати бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол намудани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам бештар меҳнат мекунанд.

Бо шукргузорӣ аз Ватани обод ва сарзамини орому осоишта фарорасии ҷашни фарҳундаи миллат Рӯзи Ваҳдати миллиро ба ҳамаи сокинони ноҳия самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар як сокини ноҳия осоишу оромӣ, хушбахтиву сарбаландӣ ва саодати доимии рӯзгорро орзу менамоям.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!